ABNA24 : Вай дар ин паёми твиттерӣ навишт: «Дар дидор бо вазири додгустарии Ироқ бар суръат бахшидани шиносоӣ ва муҳокимаи омилону омирони террори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамроҳонашон ва ташкили ҳарчӣ зудтар аввалин нишасти кумитаи таҳқиқоти муштарак таъкид кардам».
Ғарибободӣ изофа кард: «Ҳамчунин дар хусуси таомулоти дуҷонибаи ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва ҳуқуқи башариву зарурати расидагӣ ба мушкилоти атбоъ гуфтугӯ кардем».
Пеш аз ин Козими Ғарибободӣ ба унвони намояндаву сафири Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия фаъолият дошт ва ахиран бо поёни маъмурияташ ба унвони дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон интихоб шудааст.
342/